Дар Душанбе оид ба масъалаҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории хонаҳои дорои манзили зисти зиёд семинар барпо мегардад.

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 13 – 14 феврали соли 2009 бо дастгирии барномаи «Худидоракунии маҳаллӣ»-и Шўъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои роҳбарони шўъбаҳои манзилию коммуналӣ ва ташкилотҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории хонаҳои бисёрквартирагии Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск, Қўрғонтеппа ва Кўлоб семинар гузаронда мешавад. Мақсади асосии семинар такмил ва […]

root


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 13 – 14 феврали соли 2009 бо дастгирии барномаи «Худидоракунии маҳаллӣ»-и Шўъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои роҳбарони шўъбаҳои манзилию коммуналӣ ва ташкилотҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории хонаҳои бисёрквартирагии Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск, Қўрғонтеппа ва Кўлоб семинар гузаронда мешавад.




Мақсади асосии семинар такмил ва рушди устувори системаи нигоҳдории манзил дар шаҳрҳои Тоҷикистон мебошад. Семинар бояд маҳзаре гардад барои мубодилаи таҷриба, муттаҳид сохтани саъю кўшиши мақомоти ҳокимияти шаҳрӣ, шаҳрвандон, ташкилотҳои манзилистифодабарӣ барои нигоҳдории хонаҳои бисёрквартирагӣ. Ҳамчунин дар семинар масъалаҳои ташкили КСК – кооперативҳои соҳибони квартираҳои хусусӣ чун варианти алтернативии идораҳои мавҷудаи манзилистифодабарӣ (ЖЭУ) оид ба идоракунии хонаҳои бисёрквартирагӣ баррасӣ карда мешаванд.



Семинарро коршиносони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷоя бо коршиносони Иттифоқи Истеъмолкунандагони Тоҷикистон мегузаронанд. Дар ин бора аз шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.