Соли равон дар Душанбе ду намоишгоҳи маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон баргузор мегардад

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар Душанбе ду намоишгоҳи молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон баргузор мегардад. Тавре аз палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл дар мулоқоти муовини аввали палата Одил Сангов бо ноиби президенти музофоти Мозандарон Аҳмади Асғарӣ масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо оид […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар Душанбе ду намоишгоҳи молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон баргузор мегардад.




Тавре аз палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл дар мулоқоти муовини аввали палата Одил Сангов бо ноиби президенти музофоти Мозандарон Аҳмади Асғарӣ масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо оид ба барпо сохтани намоишгоҳҳои музофоти Эрон рӯзҳои 27-31-уми май дар шаҳри Хуҷанд ва 4-8-уми ноябр дар шаҳри Душанбе тавофуқ ҳосил намуданд.



Дар ҷараёни мулоқот О.Сангов изҳор дошт, ки намоишгоҳи музофоти Мозандарон, ки соли қабл дар шаҳри Душанбе барпо шуд, писанди ҳамагон гардид. «Боварӣ дорам, ки намоишгоҳҳои минбаъда низ муваффақонаву пурсамар хоҳанд буд», – гуфт ӯ.



Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳҳои оянда асосан маҳсулоти ширкатҳои бузурги бахши кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсоли маводи ғизоӣ, аз ҷумла коркарди гӯшти ҳайвонот, парранда ва моҳӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.



Ёдрас мекунем, ки музофоти Мозандарон асосан бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ (апелсин) маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад ва бахши сайёҳӣ рушд ёфтааст. Мозандарон бо Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.