Ҳукумати Тоҷикистон барномаи миллии барҳам додани истифодаи меҳнати кӯдаконро таҳия месозад, – назари коршинос

Date:



           




   

Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Директори Барномаи барҳам додани истифодаи меҳнати кӯдакон (ИПЕК) дар Осиёи Марказӣ Ундра Сурен чунин мешуморад, ки аз меҳнати кӯдакон дар минтақа аслан дар бахши кишоварзӣ истифода мешавад.





           

Дар мусоҳибаи ихтисосӣ номбурда ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳангоме сухан дар бораи кори хатарнок ва шаклҳои бадтарини истифодаи меҳнати кӯдакон меравад, ҳодисаҳои фоҳишагарӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ, харидуфурӯши кӯдакон ва дигар шаклҳои меҳнати хатарнок дар назар дошта мешавад. «Масалан, ҳангоми пахтачинӣ ба кӯдакон хатари таъсир пестисидҳо таҳдид намуда, зимни парвариши шолӣ аксари вақт онҳо дар дохили обанд, ки чунин вазъ ба саломатӣ бетаъсир буда наметавонад ва инчунин кор бо техникаи вазнин низ хатарнок аст, вале агар кӯдакон дар шароити мувофиқ ва мутобиқи синнусол ба меҳнат шуғл варзанду аз он чизеро барои худ омӯзанд, ин аллакай истифодаи меҳнати кӯдакон арзёбӣ намегардад», – гуфт ӯ.




           

Ундра Сурен мегӯяд, бахши дуввуми истифодаи меҳнати кӯдакон иқтисоди пасипардагӣ аст, ки ба он кӯдакони машғули кор дар бозору кӯчаҳо шомиланд ва аксари онҳоро духтарони аз 13 то 16-сола ташкил медиҳанд. «Маҳз ба онҳо хатари истифода бо мақсади шаҳвонӣ ва харидуфурӯш таҳдид мекунад ва ин ҷо миёни кӯдаконе, ки дар хонаводаҳо кор мекунанд (ба сифати хизматгор ва ғайра) ва ҳодисаҳои харидуфурӯши одамон алоқае мавҷуд аст, ки мо онро «шакли бадтарини истифода аз меҳнати кӯдакон» мешуморем», – изҳор дошт ӯ.




           

Номбурда ҳамчунин гуфт, ахиран дар минтақаи Осиёи Марказӣ мушкилоти дигаре рӯи кор омадааст, ки истифодаи меҳнати кӯдакон чун оқибати муҳоҷирати меҳнатӣ маънидод мегардад ва Тоҷикистон низ аз он истисно нест.




           

Дар ҳамин ҳол, У.Сурен аз ҳамкории зич бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар таҳияи Барномаи миллии барҳам додани истифодаи меҳнати кӯдакон дар кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related