Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқотии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бар чунин назар аст, ки шояд Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи тозаи роҳандозии муносиботи дуҷонибаро пеш гиранд.
Ақидаи худро коршинос ба суханронии сарвари давлат дар Брюссел нисбат медиҳад ва мегӯяд, он ҷо Э.Раҳмон изҳор дошт, ки дар ниҳояти кор масоили баҳсталаби минтақа бо кишварҳои ҳамсоя роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд намуд.
Ба гуфтаи коршиноси масоили сиёсӣ, ташаннуҷи вазъ миёни кишварҳои ҳамҷавор ба манфиати ҷонибҳо нест ва «мо бояд ҳамсоягони хуб бошем, зеро агар мо чунин воқеиятро дарк насозем, ин вазъро дигарон алайҳи мо истифода хоҳанд бурд». «Эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои миллии ҳамдигар – омили аслии беҳбуди муносиботи дуҷониба мебошад ва мантиқи рушди сиёсии минтақа гувоҳи он аст, ки мо бидуни ҳамдигар ба таъмини рушд муваффақ нахоҳем гашт», – гуфт ӯ.
С.Сафаров мӯътқид аст, ки раҳбарияти сиёсии давлатҳо аз ин ба хубӣ огаҳанд. «Зарур аст, то ҷомеаи коршиносон низ тарзи бархӯрди хешро ба муносиботи дуҷониба миёни кишварҳо тағйир бидиҳанд», – афзуд коршинос.


