Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии буҷаи давлатӣ ба Тоҷикистон 20 млн. $ ҷудо мекунад

Date:



           

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи бурси барномавии саввум барои таҳияи чорабиниҳо бо мақсади рушд Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии буҷаи давлатӣ ба Тоҷикистон 20 млн.


$




ҷудо мекунад.





           

Дар иттилоияи расмии интишоргаштаи намояндагии бонк дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «бурси барномавии саввум барои таҳияи чорабиниҳо бо мақсади рушд ба дастгирии ислоҳот дар бахши хусусӣ, идораи бахши давлатӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ равона гардидааст». Бо дархости ҳукумати Тоҷикистон мақомоти раҳбарии бонк ҳаҷми бурсро аз 10 млн. долллари пешбинишуда то 20 млн. $ зиёд кардааст. «Бурси мазкур ба Тоҷикистон барои коҳиши оқибатҳои ногувори бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ихтисос дода мешавад», – оварда шудааст дар иттилоия.




           

Дар иттилоия ҳамчунин зикр мегардад, ки қабл аз тавофуқ ҳосил кардан оид ба ҷудо кардани ин бурс ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахшҳои калидӣ як қатор ислоҳот ҷорӣ сохтааст. Тибқи иттилои бонк, ин саввумин бурсест, ки бонк ҷиҳати дастгирии барномаи ислоҳоти ҳукумат баҳри коҳиши сатҳи камбизоатӣ ҷудо менамояд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...