Дар Маскав роҳбарони Хадамоти муҳоҷирати Русияву Тоҷикистон бо намояндагони диаспораҳои тоҷик мулоқот оростанд

Date:



           

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Маскав роҳбарони Хадамоти муҳоҷирати Русияву Тоҷикистон бо намояндагони диаспораҳои тоҷик мулоқот оростанд.





           

Тавре роҳбари медиа-холдинги «


Tajinfo


» Муҳаммади Эгамзод ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот директори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский, сардори хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев, роҳбарони диаспораву иттиҳодияҳои тоҷикон дар Русия, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон ширкат варзида, атрофи масоили будубоши муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия ибрози назар намуданд.




           

Ба гуфтаи номбурда, дар мулоқот масоили дароз кардани мӯҳлати будубош, мӯҳлати гирифтани иҷозаи кор аз 90 рӯз то 1 сол, тарзи будубоши оилаҳои муҳоҷирон, мушкилоти хориҷкунии онҳо, ҷорӣ сохтани механизми соддаи қонунӣ гардонидани будубоши муҳоҷирон тавассути ҷаримабандӣ ва пешбинӣ намудани ҷазои сахттар ба милисаҳо, ки ҳуҷҷатҳоро ғайриқонунӣ аз муҳоҷирон мегиранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

М.Эгамзод мегӯяд, оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати назорат ва ҳалли мушкилот бо корфармоён, ки муҳоҷиронро ба таври қонунӣ ба кор намегиранду аз пардохти маошашон саркашӣ мекунанд, тавофуқ ҳосил шудааст. «Дар доираи Комиссияи байниҳукуматии амалкунандаи Русияву Тоҷикистон баррасӣ ва пешниҳоди асноди меъёрҳои таъмин бо нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ гардид», – афзуд М.Эгамзод.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...