Президенти Тоҷикистон ҳайати ҳукумати Ӯзбекистонро ба ҳузур мепазирад

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукумати Ӯзбекистонро, ки дирӯз ҷиҳати баргузории ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии кишварҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур мепазирад. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Лариса Кислякова ба рӯзоманигорон хабар дод. Л.Кислякова мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ба густариши равобити […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукумати Ӯзбекистонро, ки дирӯз ҷиҳати баргузории ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии кишварҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур мепазирад. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Лариса Кислякова ба рӯзоманигорон хабар дод.




Л.Кислякова мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ба густариши равобити ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо бо кишвари ҳамсоя омода аст. «Ҳаҷми ҳарсолаи муомилоти молӣ миёни кишварҳо аз 4 то 7 дарсади ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.



Номбурда таъкид сохт, ки лоиҳаи протокол оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва истифодаи захоири обиву энергетикӣ аллакай таҳия гаштааст.



Ёдрас мекунем, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2001 таъсис ёфта, худи ҳамон сол ҷаласаи аввал ва алҳол ягонаи он баргузор шуда буд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.