Вақти он расидааст, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси талаботи бозор ҷорӣ гардад, – назари коршинос

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов бар чунин назар аст, ки мебояд муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси талаботи бозор ҷорӣ гардад.             Номбурда мегӯяд, Ӯзбекистон дар масъалаи фурӯши газ кайҳо тибқи талаботи бозор амал мекунад ва дар интиқоли барқ, ки кишварҳо мавсимӣ бо ҳам додугирифт доранд, низ мебояд ба […]

root


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов бар чунин назар аст, ки мебояд муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси талаботи бозор ҷорӣ гардад.





           

Номбурда мегӯяд, Ӯзбекистон дар масъалаи фурӯши газ кайҳо тибқи талаботи бозор амал мекунад ва дар интиқоли барқ, ки кишварҳо мавсимӣ бо ҳам додугирифт доранд, низ мебояд ба чунин тарзи муносибат гузашт. Ёдрас мекунем, ки қаблан Ӯзбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода, ба ивази он дар мавсими баҳору тобистон аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 900 млн. кВт/соат барқ мегирифт.




           

Ба ақидаи коршиноси масоили сиёсӣ, чунин иқдом имкон хоҳад дод, ки дар фасли тобистон об захира гардида, он дар фасли зимистон ҷиҳати истеҳсоли барқ истифода гардад ва маҳдудият сабуктар карда шавад. А.Мамадазимов гуфт, дар замони шӯравӣ ба ивази об ҳамсоягон ба мо нафту газ медоданд ва кунун низ бояд чунин таҷрибаро роҳандозӣ намуд, вале бо назардошти манфиатҳои ҳама ҷонибҳо.




           

Сиёсатшинос чунин мешуморад, ки боздиди ҳайати Ӯзбекистон метавонад дар ин самт гоми нахустин бошад. «Пешравӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли баҳси энергетикӣ миёни кишварҳо муносиботи дуҷонибаро беҳбуд хоҳад бахшид», – афзуд коршинос.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.