Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ба баррасии даъвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба ҳавзаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шурӯъ намуд.
Тавре сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳизб кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то натиҷаҳои интихоботи миёнадавраӣ ба МН МО ҶТ дар ин ҳавза, ки 8-уми феврали соли ҷорӣ баргузор шуданд, ғайривоқеӣ эътироф гарданд.
Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ муовини раиси ҳизб Муҳаммадалии Ҳаит изҳор дошта буд, ки шӯрои сиёсии ҳизб бо таҳлил аз натоиҷи интихобот «ба тақаллубкории комили он мӯътақид гаштааст». «Санҷиши мо нишон дод, ки дар интихобот ҳамагӣ 18 дарсад, на 77,6 дарсади интихобкунандагон ширкат варзидаанд ва аз ин рӯ, мо интихоботро дар ин ҳавза баргузорнашуда мешуморем», – гуфта буд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, намояндагони ҳизб муайян сохтаанд, ки дар қитъаҳои интихоботӣ 2697 нафар ширкат варзида ва 82 дарсади онон ба ҷонибдории номзади ҲНИТ – Д.Абдуллоев овоз додаанд.
Ёдрас мекунем, ки Комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи мазкур эълом дошт, ки дар маъракаи интихоботи миёнадавраӣ ба парлумони кишвар 77,6 дарсади интихобкунандагони қайдшуда ширкат варзида, 91 дарсади овозҳо ба ҷонибдории номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Амир Катаев ва 6,7 дарсади овозҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ Додихудо Абдуллоев дода шуданд.


