Дар минтақаи ҷануби кишвар кишоварзон ба киштукори баҳорӣ оғоз намуданд

Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони мамлакат аз обуҳавои мусоид истифода намуда, фаъолона киштукори баҳории зироати ғалладонагиро идома медиҳанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то имрӯз аз 135 ҳазор гектари барои соли равон пешбинишуда дар 21,6 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 13,5 […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони мамлакат аз обуҳавои мусоид истифода намуда, фаъолона киштукори баҳории зироати ғалладонагиро идома медиҳанд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то имрӯз аз 135 ҳазор гектари барои соли равон пешбинишуда дар 21,6 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 13,5 ҳазор гектар зиёдтар мебошад. Қобили зикр аст, ки дар мавсими имсола 90 дарсади майдони киштро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.



Бино ба иттилои манбаъ, киштукор аслан дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ҷараён дошта, дар вилояти Суғд феълан ба киштукор омодагӣ мегиранд.



Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, ки дар ҳудуди 216 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд, ки солҳои ахир яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин аст, аммо танҳо 8,5 ҳазор гектари майдони кишт бо нуриҳо ғизо дода шудааст, ки ин нишондиҳанда ҳамагӣ 3,9 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова