Дар минтақаи ҷануби кишвар кишоварзон ба киштукори баҳорӣ оғоз намуданд

Date:


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони мамлакат аз обуҳавои мусоид истифода намуда, фаъолона киштукори баҳории зироати ғалладонагиро идома медиҳанд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то имрӯз аз 135 ҳазор гектари барои соли равон пешбинишуда дар 21,6 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 13,5 ҳазор гектар зиёдтар мебошад. Қобили зикр аст, ки дар мавсими имсола 90 дарсади майдони киштро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.



Бино ба иттилои манбаъ, киштукор аслан дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ҷараён дошта, дар вилояти Суғд феълан ба киштукор омодагӣ мегиранд.



Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, ки дар ҳудуди 216 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд, ки солҳои ахир яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин аст, аммо танҳо 8,5 ҳазор гектари майдони кишт бо нуриҳо ғизо дода шудааст, ки ин нишондиҳанда ҳамагӣ 3,9 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...