Операторони таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказӣ масоили боэътимодии низоми хатҳои интиқолро баррасӣ мекунанд

Date:


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Алмаато намояндагони ширкату муассисаҳои таъмини барқи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар семинаре, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (


USAID


) ва Асссотсиатсияи энергетикии ИМА (


USEA


) созмон дода шудааст, масоили имконоти таҳкими боэътимодии низоми хатҳои интиқоли барқро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.




Дар семинар масоили насби низоми муҳофизати махсус барои интиқоли барқ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ҳаҷми табодули интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистонро тавассути хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Шимол-Шарқ» ба ин кишвар муҳокима мекунанд.



Низоми мазкур барои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон шароити муосид фароҳам сохта, боэътимодии таъмини минтақаи шимолу шарқии Афғонистон бо барқро муҳайё месозад ва ҳамчунин баҳри тавсеъаи бозори фурӯши барқи кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...