Операторони таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказӣ масоили боэътимодии низоми хатҳои интиқолро баррасӣ мекунанд

Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Алмаато намояндагони ширкату муассисаҳои таъмини барқи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар семинаре, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ ( USAID ) ва Асссотсиатсияи энергетикии ИМА ( USEA ) созмон дода шудааст, масоили имконоти таҳкими боэътимодии низоми хатҳои интиқоли барқро дар минтақаи Осиёи […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Алмаато намояндагони ширкату муассисаҳои таъмини барқи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар семинаре, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (


USAID


) ва Асссотсиатсияи энергетикии ИМА (


USEA


) созмон дода шудааст, масоили имконоти таҳкими боэътимодии низоми хатҳои интиқоли барқро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.




Дар семинар масоили насби низоми муҳофизати махсус барои интиқоли барқ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ҳаҷми табодули интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистонро тавассути хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Шимол-Шарқ» ба ин кишвар муҳокима мекунанд.



Низоми мазкур барои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон шароити муосид фароҳам сохта, боэътимодии таъмини минтақаи шимолу шарқии Афғонистон бо барқро муҳайё месозад ва ҳамчунин баҳри тавсеъаи бозори фурӯши барқи кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова