Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Вазири корҳои хори
ҷ
ии
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон Ҳамрохон Зариф
ӣ
Директори Раёсати оид ба стратегия, сиёсат, барномаҳо ва таъминоти моддию техникии Фармондеҳии нақлиётии ИМА контр-адмирал Марк Харничекаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вох
ӯ
р
ӣ
масъалаҳои истифодаи қаламрави То
ҷ
икистон барои транзити молҳои ғайринизом
ӣ
ба воситаи нақлиёти ти
ҷ
орат
ӣ
дар чорч
ӯ
баи
ҷ
онибдории воҳидҳои низомии ИМА ва нер
ӯ
ҳои байналмилалии мусоидат ба амният дар Афғонистон мавриди баррас
ӣ
қарор гирифтанд.
Пас аз мулоқот бо вазири умури хориҷӣ М.Харничек изҳор дошт, ки ҳар ҳафта тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон интиқоли аз 50 то 200 контейнери бори ғайринизомӣ ба Афғонистон ба нақша гирифта шуд.
Ба гуфтаи контр-адмирали амрикоӣ, борҳо ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан аз Ӯзбекистон, ки транзити онро иҷозат додаст, ворид хоҳанд гашт. Қаблан оид ба транзити борҳои ғайринизомии НАТО тавассути қаламраашон Русияву Қазоқистон низ розигӣ доданд.


