«Газпром» корҳои доманадори иктишофиро дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар машварате, ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, масъалаи тезонидани корҳои иктишофии конҳои газ дар Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК «Зарубехнефтегаз» мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Тавре сухангӯи ҶСК «Зарубежнефтегаз» Екатерина Кожевникова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар машварат аз ҷониби Тоҷикистон сардори Сарраёсати геологияи назди […]

Виктория Наумова


Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар машварате, ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, масъалаи тезонидани корҳои иктишофии конҳои газ дар Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК «Зарубехнефтегаз» мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Тавре сухангӯи ҶСК «Зарубежнефтегаз» Екатерина Кожевникова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар машварат аз ҷониби Тоҷикистон сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, муовини вазири энергетика ва саноати кишвар Заробиддин Файзуллоев ва сармутахассиси шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Хайруллобек Ғафуров иштирок карданд.




           

Масъалаи тезонидани корҳои иктишофии конҳои газу нафт дар Тоҷикистон мавзӯи асосии чорабинӣ буд. ҶСК «Зарубежнефтегаз» эълом дошт, ки ният дорад корҳои иктишофиро дар се минтақа – конҳои Сариқамиш, Саргазон ва Ренгон вусъат бахшад ва бо ин мақсад рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон техникаву таҷҳизоти нав равона хоҳад гардид. Дар як вақт инчунин таҷҳизоти пармакунӣ омода гардида, ахири сол пармакунии чоҳҳо дар минтақаҳои санҷидашуда пешбинӣ мегардад. Мутахассисони русиягӣ изҳор доштанд, ки корҳои иктишофу истихроҷи газ дар Тоҷикистон ба иллати дар чуқурии аз 5,5 то


7 км

ҷойгир будани газ каме мушкилиҳо пеш меорад.




           

Сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим шароити душвори корҳоро дар ҷумҳурӣ тасдиқ сохта, изҳори боварӣ намуд, ки бо кӯмаки коршиносони пуртаҷрибаи Русия ва технологияи замонавӣ комёбӣ ба даст хоҳад омад.




           

Дар машварат ҳамчунин зикр гардид, ки ширкати «Газпром» ба иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохта, ҷиҳати амалисозии он коршиносони беҳтарини соҳа ва технологияи навтарини пешрафтаро ҷалб месозад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат