Муҳоҷирони меҳантии Роғун барои сохтмони нерӯгоҳи бузургтарини минтақа ба ватан бармегарданд

Роғун. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз ба шаҳри Роғун аз шумори умумии 1820 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ 1420 нафар сокини шаҳр баргашт. Тавре муовини раиси шаҳр Файзалӣ Толибов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз муҳоҷирони баргашта 450 нафарашон дар сохтмони иншооти нерӯгоҳи Роғун бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Ба иттилои манбаъ, бинобар солҳои […]

Бимукаррама Насруллоева


Роғун. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз ба шаҳри Роғун аз шумори умумии 1820 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ 1420 нафар сокини шаҳр баргашт.




Тавре муовини раиси шаҳр Файзалӣ Толибов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз муҳоҷирони баргашта 450 нафарашон дар сохтмони иншооти нерӯгоҳи Роғун бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.



Ба иттилои манбаъ, бинобар солҳои ахир мутаваққиф сохтани нерӯгоҳ шароитҳои манзили зист он қадр хуб нестанд. «Феълан корҳои таъмиру барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии рақами 2 идома дорад ва рӯзҳои наздик хонаҳои сохтмончиён бо гармӣ таъмин хоҳад шуд», – гуфт Ф.Толибов.



Дар ҳамин ҳол, соли равон дар шаҳри Роғун ифтитоҳи коллеҷи нави техникӣ ба нақша гирифта шудааст. Роҳбари маркази шуғли аҳолии шаҳр Шарифамо Ғаюрова мегӯяд, ифтитоҳи коллеҷ мушкилоти зиёдеро ҳал хоҳад кард, зеро имрӯз дар сохтмони иншооти нерӯгоҳ норасоии мутахассисон эҳсос мегардад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат