ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ширкати «Барқи тоҷик»-ро ба додгоҳ мекашад

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтни агрегати чаҳоруми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар таърихи 25-уми феврал пешбнӣ гардида буд, ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд. Тавре аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мавқуфгузории ба кор даровардани агрегати охирини нерӯгоҳ бар асари саривақт аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» напардохтани […]

Виктория Наумова


Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтни агрегати чаҳоруми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар таърихи 25-уми феврал пешбнӣ гардида буд, ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд.




Тавре аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мавқуфгузории ба кор даровардани агрегати охирини нерӯгоҳ бар асари саривақт аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» напардохтани маблағи қарзи истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ дар соли 2008 мебошад.



Тавре аз мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ изҳор доштанд, шояд имрӯз ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ аз блдои ширкат барои напардохтани қарз даъво пешниҳод гардад.



Ёдрас мекунем, ки 9-уми феврал ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» оид ба нияти ба додгоҳ муроҷиат кардан аз рӯи ин масъала изҳороти расмӣ пахш карда буд. Дар изҳорот таъкид гардида буд, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст, вале сарфи назар аз муроҷиати чандинкарата ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ дар ин хусус, ҳеҷ чорае ҷиҳати ҳалли масъала андешида нашудааст.



Дар изҳорот ҳамчунин гуфта шуда буд, напардохтани қарз вазъи молиявиро дар сохтмон мушкил сохта, метавонад мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳро ба дарозо кашад ва ба пурра сомон бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот таъсири манфӣ расонад.



Директори генералии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» Раҳматулло Алжанов изҳор намуд, ки «мо назди ширкати «Барқи тоҷик» ба муддати 10 рӯз мӯҳлат додем, то ҷиҳати пардохтани қарз чораҷӯӣ намояд ва имрӯз мӯҳлати мазкур низ ба охир мерасад». «Мақомоти раҳбарии ширкат аз ин масъала ба хубӣ огаҳанд», – афзуд ӯ.





Маълумотнома:




Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Тоҷикистон бунёд мегардад, лоиҳаи муштаракаи Тоҷикистону Русия маҳсуб гардида, иқтидори чаҳор агрегати он ба 670 МВт баробар аст. Моҳи январи соли 2008 агрегати аввал, 1-уми июл агрегати дуввум ва 6-уми ноябр агрегати саввуми он пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат