Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холии шаҳри Душанбе ба хоҳишмандон беш аз 1000 ҷойи корӣ пешниҳод мегардад

Date:



           

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холии шаҳри Душанбе, ки субҳи имрӯз дар маркази фарҳангии ҷавонони «Ориёно» ифтитоҳ гардид, ба хоҳишмандон беш аз 1000 ҷойи корӣ пешниҳод мегардад.





           

Тавре директори биржаи меҳнати назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Абдурозиқ Кабудов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чорабинии мазкур бо ташаббуси кумита ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ сурат гирифт.




           

Ба гуфтаи Кабудов, биржаи меҳнати ҷавонон дар ярмарка 911 ҷойи корӣ пешниҳод месозад, ки 370 ҷой барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар пешбинӣ гардидааст. «Ҷойҳои корӣ асосан дар ширкатҳои кишоварзии шаҳри Маскав ва вилояти Волгогради Русия мавҷуд аст», – гуфт ӯ.




           

Ба иттилои манбаъ, дар ярмарка Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилӣ барои бекорон беш аз 200 ҷойи корӣ дар хориҷи кишвар пешниҳод мекунад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...