Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байнумилалии забони модариро ҷашн мегирад.
Лоиҳаи қатъномаи ЮНЕСКО дар бораи санаи 21-уми февралро Эълом доштани ҷашни Рӯзи байнулмилалии забон соли 1999 дар Конфронси генералии ЮНЕСКО тасдиқ гардид.
Соли 2002 Ассамблеяи генералӣ қарори мазкурро ҷонибдорӣ намуда, аз кишварҳои аъзо ва Котибот даъват ба амал овард, ки ба ҳифзу нигаҳдории забони сокинони саросари ҷаҳон мусоидат намоянд.
«Забонҳо воситаи аз ҳама пурқудрати нигаҳдорӣ ва рушди мероси моддӣ ва маънавии мост», – гуфта мешавад дар санади қабулнамудаи ЮНЕСКО ва таъкид мегардад, ки аз 6 ҳазор забони имрӯзаи дунё ояндаи наздик метавонад нисфаш намояндагони охирини худро аз даст диҳад.
Дар ҳуҷҷати созмон ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳама иқдоми гирифта барои мусоидат ба рушду густариши забони модарӣ натанҳо ба гуногуниву бисёрзабонии маърифат, рушди бештари огаҳӣ доштан аз анъанаҳову оинҳои мардуми ҷаҳон мусоидат менамояд, балки таҳкими ҳамбастагии асосёфта бар ҳусни тафоҳум, таҳаммулпазирӣ ва муколама миёни халқҳоро таъмин месозад.


