Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон ба маблағи 102 млн. $ кӯмаки бебозгашт пешниҳод месозад

            Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макота Оҷиро пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, дастгирии буҷаи давлатӣ, соҳаи пахтакорӣ ва сохтмони роҳи мошингард аз Душанбе то […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макота Оҷиро пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, дастгирии буҷаи давлатӣ, соҳаи пахтакорӣ ва сохтмони роҳи мошингард аз Душанбе то марзи Қирғизистон 102 миллион доллари амрикоӣ грант ё худ кӯмаки бебозгашт пешниҳод менамояд.





           

М.Оҷиро гуфт, 51 млн. $ аз ин маблағ соли равон ва маблағи боқимонда соли 2010 ҷудо мегардад. Номбурда қайд кард, ки феълан дар Тоҷикистон бо маблағгузории бонк ба маблағи умумии 380 млн.


$




13 лоиҳа амалӣ мегардад.




           

Ба гуфтаи намояндаи БРО, зимни сӯҳбат бо президенти Тоҷикистон ҷонибҳо оид ба машварату гуфтушуниди минбаъда тавофуқ ҳосил карда, тасмим гирифтаанд, ҳарчи зудтар аз пешниҳодоти ҳукумати ҷумҳурӣ бобати андешидани чораҳои пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молӣ кишварҳои мададрасонро огаҳ намоянд, то кӯмак саривақт расонида шавад.




Маълумотнома:





Дафтари кории Бонки рушди Осиё дар шаҳри Манила ҷойгир шуда, самти афзалиятноки фаъолияти он тавассути рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, тавсеъаи босуботи экологӣ ва ҳамгиройии минтақавӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Айни замон дар 67 кишварҳои дунё шӯъбаҳои бонк фаъолият доранд, ки 48-то аз ин шӯъбаҳо дар кишварҳои минтақа ҷойгиранд.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.