СММ ба мамолики қашшоқ пешниҳод мекунад, ки ба содироти ашёи хом умед набанданду аққалан ба истеҳсоли тугма машғул шаванд



           

Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши тозаи СММ оид ба рушди саноатӣ, ки чанде қабл дар Лондон пешниҳод гардид, гуфта мешавад, барои миллиард нафар аҳолии сайёра, ки даромади якрӯзаашон аз1 $ камтар аст, роҳи раҳоӣ аз қашшоқӣ рушди устувори саноатӣ мебошад.





           

Дар гузориш аз мамолики қашшоқи дунё даъват ба амал оварда шудааст, ки ба содироти ашёи хом умед набанданду аққалан ба истеҳсоли тугма машғул шаванд, зеро нархҳо ба ашёи хом дар бозори ҷаҳонӣ ҳамеша дар ҳоли тағйирот қарор доранд ва ин метавонад ба рушди истеҳсолот монеъа эҷод созад. Дар гузориш таъкид мегардад, ки ба кишварҳои қашшоқ шароиту имконот фароҳам сохта, ҷиҳати ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти онҳо дар чаҳорчӯбаи муқаррароти Созмони ҷаҳонии тиҷорат имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шавад.




           

Тибқи маълумоти интишоргашта дар санади татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2007, беш аз 17 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ дар шароити қашшоқӣ қарор дошт ва даромади якрӯзаи онҳо аз 1 доллари ИМА камтар буд.


spot_imgspot_img

Популярное