Созмони «Оперейшн Мерси» ба макотиби деҳоти ҷумҳурӣ ҷиҳати харидории мебел ва таҷҳизоти варзишӣ кӯмак мекунад

Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи сипаригашта аз ҷониби вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва намояндаи шӯъбаи тоҷикистонии созмони байнулмилалии «Оперейшн Мерси» Андреа Вогт Ёддошти ҳамкорӣ дар бахши маориф ба имзо расид. Тавре сухангӯи вазорат Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи барномаи ҳамкорӣ, созмони мазкур ҷиҳати таъминоти макотиби деҳот ва шаҳрҳои Хуҷанду […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи сипаригашта аз ҷониби вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва намояндаи шӯъбаи тоҷикистонии созмони байнулмилалии «Оперейшн Мерси» Андреа Вогт Ёддошти ҳамкорӣ дар бахши маориф ба имзо расид.




Тавре сухангӯи вазорат Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи барномаи ҳамкорӣ, созмони мазкур ҷиҳати таъминоти макотиби деҳот ва шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ бо асбобу лавозимоти мактабӣ, дастгоҳҳои тасфияи об ва таҷҳизоти варзишӣ кӯмак расонида, ҳамчунин дар таъмир ва ивази мебели кӯҳнаву фарсудаи мактабҳо низ саҳм хоҳад гирифт.



Ба иттилои манбаъ, дар доираи татбиқи барнома барои такмили ихтисос ба омӯзгорони забони англисӣ, мураббияҳои мактабҳои махсус ва кӯдакистонҳо кӯмак расонида шуда, дар мавсими тобистон ташкили истироҳатгоҳҳо барои кӯдакони ятим ва ғайра дар назар аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.