Дар ноҳияи Темурмалик қарзи пардохти андоз ба беш аз 3,5 млн. сомонӣ расид

            Кӯлоб. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Темурмалик ба санаи 1-уми январи соли 2009 қарзи пардохти маблағҳо аз рӯи ҳамаи намуди андоз ба беш аз 3,5 млн. сомонӣ расид.             Тавре манбаъ аз нозироти андози минтақаи Кӯлоб ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз ин миқдори қарз 1 млн. 936 ҳазор сомониаш ба 17 […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Темурмалик ба санаи 1-уми январи соли 2009 қарзи пардохти маблағҳо аз рӯи ҳамаи намуди андоз ба беш аз 3,5 млн. сомонӣ расид.





           

Тавре манбаъ аз нозироти андози минтақаи Кӯлоб ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз ин миқдори қарз 1 млн. 936 ҳазор сомониаш ба 17 хоҷагии деҳқонии ноҳия рост меояд.




           

Ба иттилои манбаъ, миқдори зиёди қарзи хоҷагиҳо ҳанӯз аз замони табдили собиқ колхозу совхозҳои шӯравӣ ба хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ боқӣ мондааст ва хоҷагиҳои навтаъсис имкон надоштанд, ки маблағи қарзҳоро пардохт намоянд. «Аз ҳисоби фоизҳои замгардида барои саривақт напардохтани маблағи пардохти андоз, ки аз миқдори зикргардида беш аз ним миллин сомониро ташкил медиҳад, ҳаҷми қарзҳо афзуд», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки раёсати хоҷагии об ва идораи обу корез ба миқдори 215,8 ҳазор ва ширкатҳои гуногуну иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба миқдори 350,9 ҳазор сомонӣ аз буҷа қарздоранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.