Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифиномаи маҷаллаи тозаи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд (USAID) таҳти унвони «Тиҷорати минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад.
Тавре аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, маҷалла дар чаҳорчӯбаи татбиқи Лоиҳаи минтақавии USAID оид ба роҳандозии ислоҳот дар бахши гумрук ва тиҷорат ҳар семоҳа ба табъ расида, дар он мавзӯҳои марбут ба муносиботи тиҷоратӣ дар минтақа, таҷдиди бахши гумрук, мушкилоти узвияти Қазоқистону Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, масоили моликияти зеҳнӣ, тарофаҳо ва боҷҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



