Пахши барномаҳои «РТР-Планета» дар Тоҷикистон барқарор мегардад

Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радио, ки шабакаи «РТР-Планета» шомили он аст, ба талаби ҶСК «Телерадиоком» бобати афзудани ҳаҷми пардохт барои хизматрасонии техникӣ розӣ шуд. Ёдрас мекунем, ки бинобар ҳал нагардидани масъалаи зиёд кардани тарофаҳои пардохти хизматрасонии техникии ҶСК»Телерадиоком», шурӯъ аз дирӯз пахши барномаҳои ин шабака дар қаламрави […]

Виктория Наумова


Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии


Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радио, ки шабакаи «РТР-Планета» шомили он аст, ба талаби ҶСК «Телерадиоком» бобати афзудани ҳаҷми пардохт барои хизматрасонии техникӣ розӣ шуд.




Ёдрас мекунем, ки бинобар ҳал нагардидани масъалаи зиёд кардани тарофаҳои пардохти хизматрасонии техникии ҶСК»Телерадиоком», шурӯъ аз дирӯз пахши барномаҳои ин шабака дар қаламрави Тоҷикистон қатъ гардида буд.



Тавре мудири кулли ҶСК «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Сӯҳроб Алиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл аз ширкати Русия ба ҷамъият мактуб расида, ки дар он мақомоти раҳбарии ширкат оид ба зиёд кардани ҳаҷми пардохти хизматрасониҳои ҶСК «Тоҷиктелеком» ба андозаи 50 дарсад дар соли 2009 ва имзои шартнома дар ин бора ризоияти худро изҳор намудааст.



Ба гуфтаи С.Алиев, имрӯз унвонии мақомоти раҳбарии


Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радио номаи ҷавобӣ ирсол гардида, дархост хоҳад гардид, ки фавран шартномаи баимзорасидаро фиристанд, то пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР-Планета» дар қаламрави Тоҷикистон аз нав барқарор карда шавад.








Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.