Кишоварзони ҷумҳурӣ дар кишти баҳории зироати ғалладона ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд

Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони вилояти Хатлон, ки соли равон пеш аз мӯҳлат – барвақттар ба киштукори баҳорӣ шурӯъ карданд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, то имрӯз дар майдони 20,4 ҳазор гектар асосан киштукори зироати ғалладлонаро ба анҷом расониданд, ки ин нишондиҳанда 53,3 дарсади нақшаи пешбинишударо барои соли равон ташкил медиҳад ва дар […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони вилояти Хатлон, ки соли равон пеш аз мӯҳлат – барвақттар ба киштукори баҳорӣ шурӯъ карданд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, то имрӯз дар майдони 20,4 ҳазор гектар асосан киштукори зироати ғалладлонаро ба анҷом расониданд, ки ин нишондиҳанда 53,3 дарсади нақшаи пешбинишударо барои соли равон ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12,5 ҳазор гектар бештар аст.




Тавре аз раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли гузашта бар асари номусоидии обуҳаво танҳо аввалҳои моҳи март муяссар гардида буд, ки ба киштукор оғоз намоянд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар вилоятҳои Суғду ноҳияҳои тобеи марказ низ чанд рӯзе қабл ба киштукори баҳорӣ шурӯъ намуда, киштукорро дар 4 ҳазор гектарӣ замин анҷом додаанд. «Дар ВМКБ киштукори баҳорӣ ахир моҳи март сурат мегирад, зеро обуҳавои ин минтақаи кишвар нисбат ба дигар минтақаҳо сардтар аст», – гуфт манбаъ.



Ҳамин тариқ, то имрӯз кишоварзони мамлакат аз нақшаи пешбинишудаи 134 ҳазору


170 гектар

кишти зироати ғалладона ва сабзавот дар майдони наздик ба 30 ҳазор гектар киштукорро ба анҷом расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳазор гектар бештар мебошад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.