Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустшумораи аввалин ҳафтаномаи тоҷикии варзишии «Гол», сеюмин нашрияи Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон аз чоп баромад.
Тавре аз
Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аҳли эҷоди ҳафтанома дар шумораи аввали худ ба мавзӯъҳои доғи варзишӣ равшанӣ андохта, мушкилиҳои ҷиддии соҳаи варзишро ба риштаи таҳлил кашидаанд.
Дар навиштаи Хуршед Атовулло «Зидан ва Марадона дар Душанбе. Кӣ омадани онҳоро намехоҳад?» сабабҳои рушд наёфтани футбол дар Тоҷикистон бо далелҳои возеҳ шарҳ ёфтааст.
Муаллиф бо ин навиштаи худ чунин ақида дорад, ки тақдири футболи тоҷик ба мисли сарнавишти «Роғун» танҳо ва танҳо ба худи мо вобаста аст.
Зери сарлавҳаи «Тоҷикистон пас аз Бразилия» маводе ба табъ расидааст, ки аз дастоварди мушкилиҳои футболи кӯдакон маълумот медиҳад. Ҳамчунин, шарҳи муфассал перомуни иштироки дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё-2010, охирин навигариҳои олами варзиши дохиливу хориҷиро дар ин шумора метавонед мутолиа кунед.



