Нахустшумораи аввалин ҳафтаномаи варзишии «Гол» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад

            Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустшумораи аввалин ҳафтаномаи тоҷикии варзишии «Гол», сеюмин нашрияи Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон аз чоп баромад. Тавре аз   Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аҳли эҷоди ҳафтанома дар шумораи аввали худ ба мавзӯъҳои доғи варзишӣ равшанӣ андохта, мушкилиҳои ҷиддии соҳаи варзишро ба риштаи таҳлил кашидаанд. […]

root




           

Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустшумораи аввалин ҳафтаномаи тоҷикии варзишии «Гол», сеюмин нашрияи Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон аз чоп баромад.





Тавре аз

 

Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аҳли эҷоди ҳафтанома дар шумораи аввали худ ба мавзӯъҳои доғи варзишӣ равшанӣ андохта, мушкилиҳои ҷиддии соҳаи варзишро ба риштаи таҳлил кашидаанд.



Дар навиштаи Хуршед Атовулло «Зидан ва Марадона дар Душанбе. Кӣ омадани онҳоро намехоҳад?» сабабҳои рушд наёфтани футбол дар Тоҷикистон бо далелҳои возеҳ шарҳ ёфтааст.

 

Муаллиф бо ин навиштаи худ чунин ақида дорад, ки тақдири футболи тоҷик ба мисли сарнавишти «Роғун» танҳо ва танҳо ба худи мо вобаста аст.



Зери сарлавҳаи «Тоҷикистон пас аз Бразилия» маводе ба табъ расидааст, ки аз дастоварди мушкилиҳои футболи кӯдакон маълумот медиҳад. Ҳамчунин, шарҳи муфассал перомуни иштироки дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё-2010, охирин навигариҳои олами варзиши дохиливу хориҷиро дар ин шумора метавонед мутолиа кунед.

 


 





 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.