«Агроинвестбонк» аз ҳукумат дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳоро дархост мекунад



           

Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ҶСК «Агроинвестбонк» имрӯз унвонии ҳукумати кишвар мактуб ирсол намуда, дархост хоҳад намуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои ҳукуматӣ, ки соли гузашта тавассути ин бонк ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ҷудо гардида буд, дароз карда шавад.





           

Тавре директори департаменти таҳлилии бонк Ҷалил Таваккалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур ба он хотир сурат мегирад, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон бар асари коҳиши арзиши нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ дар фурӯши маҳсулоти худ ба душворӣ мувоҷеҳанд ва қодир нестанд, ки то 1-уми апрел қарзро пурра пардохт намоянд.




           

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин масъала барои ҷамъоварии маблағи боқимондаи қарз, ба тавозуни бонк гузаронидани гувоҳномаи истифодаи замин ва амволи ба гарав гузоштаи хоҷагиҳо ва ташкили фурӯши он ба бонк вақти муайяне зарур аст. «Аз ин рӯ, бонк аз ҳукумат дархост хоҳад намуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳо то ахири сол дароз карда шавад», – гуфт ӯ.




           

Ҷ.Таваккалов мегӯяд, аз 50 млн. сомонӣ қарзи Вазорати молия, ки соли гузашта тавассути бонк ба хоҷагиҳо ҷудо гардида буд, то имрӯз 14 млн. сомониаш баргардонида шуд. «Дар маҷмӯъ бошад, айни замон хоҷагиҳои деҳқонии кишвар дар назди бонк ба маблағи 96 млн. сомонӣ қарздоранд, ки 60 млн. сомониаш воситаҳои бонк мебошанд», – афзуд вай.


spot_imgspot_img

Популярное