«Агроинвестбонк» аз ҳукумат дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳоро дархост мекунад

            Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ҶСК «Агроинвестбонк» имрӯз унвонии ҳукумати кишвар мактуб ирсол намуда, дархост хоҳад намуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои ҳукуматӣ, ки соли гузашта тавассути ин бонк ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ҷудо гардида буд, дароз карда шавад.             Тавре директори департаменти таҳлилии бонк Ҷалил Таваккалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ҶСК «Агроинвестбонк» имрӯз унвонии ҳукумати кишвар мактуб ирсол намуда, дархост хоҳад намуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои ҳукуматӣ, ки соли гузашта тавассути ин бонк ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ҷудо гардида буд, дароз карда шавад.





           

Тавре директори департаменти таҳлилии бонк Ҷалил Таваккалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур ба он хотир сурат мегирад, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон бар асари коҳиши арзиши нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ дар фурӯши маҳсулоти худ ба душворӣ мувоҷеҳанд ва қодир нестанд, ки то 1-уми апрел қарзро пурра пардохт намоянд.




           

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин масъала барои ҷамъоварии маблағи боқимондаи қарз, ба тавозуни бонк гузаронидани гувоҳномаи истифодаи замин ва амволи ба гарав гузоштаи хоҷагиҳо ва ташкили фурӯши он ба бонк вақти муайяне зарур аст. «Аз ин рӯ, бонк аз ҳукумат дархост хоҳад намуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳо то ахири сол дароз карда шавад», – гуфт ӯ.




           

Ҷ.Таваккалов мегӯяд, аз 50 млн. сомонӣ қарзи Вазорати молия, ки соли гузашта тавассути бонк ба хоҷагиҳо ҷудо гардида буд, то имрӯз 14 млн. сомониаш баргардонида шуд. «Дар маҷмӯъ бошад, айни замон хоҷагиҳои деҳқонии кишвар дар назди бонк ба маблағи 96 млн. сомонӣ қарздоранд, ки 60 млн. сомониаш воситаҳои бонк мебошанд», – афзуд вай.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.