Корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» бинобар қатъ гардидани маблағгузорӣ боздошта шуданд



           

Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бинобар қатъ гардидани маблағгузорӣ корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол», ки минтақаи шимоли кишварро бо ҷануб мепайвандад, боздошта шуданд.





           

Тавре сармуҳандиси Маъмурияти муассисаҳои сохтмонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Ҳабиб Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои анҷоми як қатор корҳо дар нақб дар ҳаҷми беш аз 5 млн. $ маблағи иловагӣ зарур аст. «Ҳарчанд моҳи августи соли гузашта дар Теҳрон оид ба маблағгузории иловагии сохтмони нақби «Истиқлол» дар ҳаҷми 6 млн. $ миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон тавофуқ ҳосил гардида бошад ҳам, вале то ҳанӯз маблағи мазкур ба мо нарасидааст ва шояд дар сафари қарибулвуқӯъи президенти ҷумҳурӣ ба Эрон, ки дар даҳаи дуввуми моҳи март сурат мегирад, ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо созад», – мегӯяд ӯ.




           

Ҳ.Давлатов изҳор дошт, ки барои сохтмони нақби «Шар-Шар» 32 млн. ва нақби «Истиқлол» 39 млн. доллари ИМА ҷудо карда шуд ва ин дар ҳолест, ки масофаи нақби «Шар-Шар» аз нақби «Истиқлол» ду баробар камтар аст. «Феълан дар иншооти мазкур чаҳор мутахассиси ширкати эронии «Собир Интернейшнл» фаъолият доранд, ки аз болои фаъолияти мунтазами нақб ва корҳои тозакунии роҳ назорат мебаранд», – афзуд вай.


spot_imgspot_img

Популярное