Корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» бинобар қатъ гардидани маблағгузорӣ боздошта шуданд

            Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бинобар қатъ гардидани маблағгузорӣ корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол», ки минтақаи шимоли кишварро бо ҷануб мепайвандад, боздошта шуданд.             Тавре сармуҳандиси Маъмурияти муассисаҳои сохтмонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Ҳабиб Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои анҷоми як қатор корҳо дар нақб дар ҳаҷми беш аз 5 […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бинобар қатъ гардидани маблағгузорӣ корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол», ки минтақаи шимоли кишварро бо ҷануб мепайвандад, боздошта шуданд.





           

Тавре сармуҳандиси Маъмурияти муассисаҳои сохтмонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Ҳабиб Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои анҷоми як қатор корҳо дар нақб дар ҳаҷми беш аз 5 млн. $ маблағи иловагӣ зарур аст. «Ҳарчанд моҳи августи соли гузашта дар Теҳрон оид ба маблағгузории иловагии сохтмони нақби «Истиқлол» дар ҳаҷми 6 млн. $ миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон тавофуқ ҳосил гардида бошад ҳам, вале то ҳанӯз маблағи мазкур ба мо нарасидааст ва шояд дар сафари қарибулвуқӯъи президенти ҷумҳурӣ ба Эрон, ки дар даҳаи дуввуми моҳи март сурат мегирад, ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо созад», – мегӯяд ӯ.




           

Ҳ.Давлатов изҳор дошт, ки барои сохтмони нақби «Шар-Шар» 32 млн. ва нақби «Истиқлол» 39 млн. доллари ИМА ҷудо карда шуд ва ин дар ҳолест, ки масофаи нақби «Шар-Шар» аз нақби «Истиқлол» ду баробар камтар аст. «Феълан дар иншооти мазкур чаҳор мутахассиси ширкати эронии «Собир Интернейшнл» фаъолият доранд, ки аз болои фаъолияти мунтазами нақб ва корҳои тозакунии роҳ назорат мебаранд», – афзуд вай.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.