Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши Дафтари ҷумҳуриявии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон барои соли 2008 гуфта мешавад, масъалаи истифодаи зӯроварӣ нисбати занон дар кишвар мушкилоти умда боқӣ мемонад ва он бонувонро ба худкушӣ маҷбур месозад.
Дар гузориш зикр мегардад, ки ҳарчанд дар қонунгузории ҷумҳурӣ баробарҳуқуқии зану мард кафолат дода шуда бошад ҳам, вазъи занон тайи 15 соли ахир мушкилтар гаштааст. «Аксари занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намекунанд ва айни замон дар ҳоли фақру нодорӣ қарор дошта, аз низоми заъифи дифоъ бархӯрдоранд, ки он ба афзоиши истифодаи зӯроварӣ ва поймолкунии ҳуқуқ нисбати онҳо боис мегардада», – омадааст дар гузориш.
Дар гузориш таъкид мегардад, ки зӯроварӣ нисбати занон дар Тоҷикистон ҳамчун як ҳодисаи маъмулӣ арзёбӣ шуда, он чун мушкилоте, ки ҷиҳати ҳалли он дахолати ҷомеа зарур бошад, маҳсуб намегардад ва аз ин рӯ, зан бояд хомӯшона ба рафтори дағалона ва зӯроварӣ сабру таҳаммул пеша намояд.
Тибқи маълумоти таҳқиқоти намояндагии минтақавии
UNIFEM
, дар Тоҷикистон ҳамасола нисбат ба беш аз 70 дарсади занон зӯроварӣ истифода мегардад. Танҳо дар зарфи 9 моҳи соли 2008 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар 240 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани занонро ба қайд гирифтааст, ки мувофиқи моддаи 109 КҶ ҶТ (Ба худкушӣ оварда расонидан) аз рӯи онҳо 30 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Ҳамчунин дар гузориш аз мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирати меҳнатӣ, афзоиши шумори никоҳи барвақт ва қайднагардида, поймол сохтани ҳуқуқҳои амволии занон ва дигар масоили марбут ба дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда шудааст.



