Дар шаҳри Душанбе бар асари сӯхтор ду ноболиғ ба ҳалокат расид

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соати 8-у 41 дақиқаи рӯзи 8-уми март дар манзили истиқоматии шаҳрванд Ҷамолиддин Ҷалолов – сокини кӯчаи Заргари ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар масоҳати 60 метри мурббаъ сӯхтор ба амал омад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» масъули Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилаи кишвар – Кароматулло Абдуллоев хабар дод, […]

Шавкат Раҳматуллоев


Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соати 8-у 41 дақиқаи рӯзи 8-уми март дар манзили истиқоматии шаҳрванд Ҷамолиддин Ҷалолов – сокини кӯчаи Заргари ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар масоҳати 60 метри мурббаъ сӯхтор ба амал омад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» масъули Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилаи кишвар – Кароматулло Абдуллоев хабар дод, ҳангоми сӯхтор аз дуди ғализ 2 нафар ноболиғон Зулфия Ҷалоловаи 6-сола ва Мӯъминшо Ҷалолови 4-сола ба ҳалокат расиданд. Сабаби сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии асбоби гармидиҳандаи барқӣ будааст.




 

Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти таҳқиқ муайян гардид, ки дар дохили ҳуҷраи хоб пеш аз ба вуқӯъ омадани ҳодиса, модари яке аз кӯдакон Зебӣ Ҷалолова бо се нафар ноболиғон хоб буданд. Ҳангоми ба амал омадани оташсӯзӣ Зебӣ Ҷалолова тавонистааст танҳо Раҷабалӣ Ҷалолови 9-соларо аз ҳудуди ҳуҷраи оташгирифта ба берун барорад. Сӯхтори ба амал омада, бо истифода аз 3 адад автомашинаҳои оташнишонӣ дар соати 9-у 32 дақиқа хомӯш карда шуд.



Абдуллоев ҳамчунин хабар дод, ки қабл аз ин ҳодиса, соати 2-и шаби 7-ум ба 8-уми март дар манзили шаҳрванд Исмоил Сафарови нафақахӯр низ воқеъ дар кӯчаи Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар натиҷаи бе назорат гузоштани асбоби гармидиҳандаи худсози барқӣ сӯхтор ба амал омад, ки бар асари он соҳибхона аз дуди ғализ ба ҳалокат расид. Ба иттилои манбаъ, аз аввали сол дар миқёси ҷумҳурӣ, 224 сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа 14 нафар, аз ҷумла 4 ноболиғ ба ҳалокат расиданд.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.