Дар задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён ду корманди Агентии маводи нашъаовар захмӣ гардид


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни баргузории амалиёти вижа дар канори шаҳри Душанбе бо мақсади боздошти гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир ду нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон захмӣ гардид.




Тавре аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, амалиёт дар қаламрави шаҳраки Афғонои пойтахт ба вуқӯъ пайваста, шахсони гумонбаршуда ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар муқовимати мусаллаҳона нишон доданд ва ба сӯи онҳо норинҷаки ҷангӣ партофтанд. Дар натиҷа ду корманди агентӣ ҷароҳат бардошт. «Ба қочоқбарон муяссар шуд, ки тавассути мошин аз ҷои ҳодиса ғайб зада, пинҳон шаванд, вале шахсияти онҳо аллакай ошкор гардида, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои сарчашма, дар ҷойи ҳодиса туфангчаи Макаров дарёфт шудааст. Ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни корҳои тафтишотиву ҷустуҷӯӣ аз пешниҳоди маълумот оид ба ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ карда шуд.



Ёдрас мекунем, ки шаби 28-уми феврал бар асари задухӯрди мусаллаҳона бо ҳудуди 30 нафар қочоқбарони мусаллаҳи афғон дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод ду нафар корманди агентӣ ба ҳалокат расида, се нафар марзбонон ҷароҳатҳои вазнин бардошта буданд.


spot_imgspot_img

Популярное