Дар задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён ду корманди Агентии маводи нашъаовар захмӣ гардид

Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни баргузории амалиёти вижа дар канори шаҳри Душанбе бо мақсади боздошти гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир ду нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон захмӣ гардид. Тавре аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, амалиёт дар қаламрави шаҳраки Афғонои пойтахт ба вуқӯъ пайваста, шахсони […]


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни баргузории амалиёти вижа дар канори шаҳри Душанбе бо мақсади боздошти гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир ду нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон захмӣ гардид.




Тавре аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, амалиёт дар қаламрави шаҳраки Афғонои пойтахт ба вуқӯъ пайваста, шахсони гумонбаршуда ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар муқовимати мусаллаҳона нишон доданд ва ба сӯи онҳо норинҷаки ҷангӣ партофтанд. Дар натиҷа ду корманди агентӣ ҷароҳат бардошт. «Ба қочоқбарон муяссар шуд, ки тавассути мошин аз ҷои ҳодиса ғайб зада, пинҳон шаванд, вале шахсияти онҳо аллакай ошкор гардида, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои сарчашма, дар ҷойи ҳодиса туфангчаи Макаров дарёфт шудааст. Ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни корҳои тафтишотиву ҷустуҷӯӣ аз пешниҳоди маълумот оид ба ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ карда шуд.



Ёдрас мекунем, ки шаби 28-уми феврал бар асари задухӯрди мусаллаҳона бо ҳудуди 30 нафар қочоқбарони мусаллаҳи афғон дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод ду нафар корманди агентӣ ба ҳалокат расида, се нафар марзбонон ҷароҳатҳои вазнин бардошта буданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.