Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ҶСК «Ориёнбонк хостори он аст, ки мӯҳлати қарзҳои аз ҷониби ҳукумат тавассути бонкҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳодгардида дароз карда шаванд, зеро то имрӯз аз
35 млн. ҳаҷми умумии қарз ҳамагӣ 30 дарсадаш пардохта шуда, то 1-уми апрел ин рақам 40-45 дарсадро ташкил хоҳад дод, зеро арзиши нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ поин рафтааст ва бо чунин нарх фурӯхтани он ба хоҷагиҳо зараровар аст.
Муовини аввали раиси бонк Умед Давлатзод ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳукумат ба бонкҳо бо 12 фоиз қарз дода, бонк онро ба хоҷагиҳо бо 14 фоиз тақсим кардааст. «Аксари бонкҳо қарзҳоро бо баргардонии 18 фоиз додаанд ва ман чунин мешуморам, ки феълан хоҷагиҳо ба пардохти қарзҳо қодир нестанд ва зарур аст, мӯҳлати баргардонидани онҳо на ба як моҳу ду моҳ, балки ба 1 ё ду сол бояд дароз карда шавад», – гуфт У Давлатзод.


