Вазири умури дохилии ҷумҳурӣ бо ҳайати САҲА мулоқот намуд

Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров бо намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таҳти роҳбарии муовини роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Клаус Расмуссен масъалаи баргузории ислоҳот дар низоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» […]


Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров бо намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таҳти роҳбарии муовини роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Клаус Расмуссен масъалаи баргузории ислоҳот дар низоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили амалисозии лоиҳаҳои муштараки ВКД ҶТ ва САҲА, татбиқи минбаъдаи нобуд сохтани аслиҳаи сабуки мусодирашуда, рушди хадамоти кинологии вазорат, истифодаи имконоти Академияи вазорат ҷиҳати такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ва таҳкими имконоту қудрати мақомоти умури дохилӣ табодули афкор намуданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.