Дар фурудгоҳи пойтахт аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир ба Маскав ҷилавгирӣ карда шуд

Date:



           

Душанбе. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи пойтахт кормандони мақомоти гумрук аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир ба шаҳри Маскав ҷилавгирӣ карданд.





           

Тавре аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни азназаргузаронии бағочи мусофирон аз ду борхалтаи варзишии сокини 25-солаи пойтахт З.Э. 2 килову


528 грамм

маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.




           

Ғайр аз ин, зимни баргузории амалиёти вижаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар шаҳриХуҷанд сокини бекори ноҳияи Ҷаббор Расулов Лутфулло Ғафуров боздошт гардид. Ошкор шудааст, ки ӯ аз 5 то 11-уми март дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар се марҳила беш аз 61 кило ҳашишро ба савдо задааст.




           

Аз рӯи далелҳлои зикргардида парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...