Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба васоити ахбори умуми Тоҷикистон низ омада расид. Рӯзи саввум аст, ки шабакаи телевизионии «Симои мутақили Тоҷикистон» барномаҳои худро пахш намесозад.
Тавре директори шабакаи телевизионӣ Зиннатулло Исмоилов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, фаъолияти шабака бинобар қарздорӣ ба маҷмаии табъу нашри «Шарқи озод» аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ қатъ карда шудааст. «Шурӯъ аз рӯзи 13-уми март мо пахши барномаҳои худро қатъ сохтем ва ҳарчанд маблағи қарзамон начандон зиёд бошад ҳам, бар асари бӯҳрони молӣ ба пардохти он ҳам қодир нестем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки онҳо аз мақомоти раҳбарии маҷмаа дархост кардаанд, ки алҳол нисфи қарзро пардохт намоянд, зеро ба пардохти пурраи он имкон надоранд, вале онҳо қабул надоштаанд.
Ёдрас мекунем, ки шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» шурӯъ аз 18-уми июни соли 2007 ба пахши барномаҳои худ шурӯъ карда буд. Мавҷҳои шабакаи телевизиони мустақил фарогири шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва қисман ноҳияҳои Ёвону Варзоб аст.


