Бар асари бӯҳрони молӣ шабакаи телевизионии СМТ аз фаъолият бозмонд

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба васоити ахбори умуми Тоҷикистон низ омада расид. Рӯзи саввум аст, ки шабакаи телевизионии «Симои мутақили Тоҷикистон» барномаҳои худро пахш намесозад. Тавре директори шабакаи телевизионӣ Зиннатулло Исмоилов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, фаъолияти шабака бинобар қарздорӣ ба маҷмаии табъу нашри «Шарқи озод» аз ҳисоби истифодаи […]


Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба васоити ахбори умуми Тоҷикистон низ омада расид. Рӯзи саввум аст, ки шабакаи телевизионии «Симои мутақили Тоҷикистон» барномаҳои худро пахш намесозад.




Тавре директори шабакаи телевизионӣ Зиннатулло Исмоилов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, фаъолияти шабака бинобар қарздорӣ ба маҷмаии табъу нашри «Шарқи озод» аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ қатъ карда шудааст. «Шурӯъ аз рӯзи 13-уми март мо пахши барномаҳои худро қатъ сохтем ва ҳарчанд маблағи қарзамон начандон зиёд бошад ҳам, бар асари бӯҳрони молӣ ба пардохти он ҳам қодир нестем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки онҳо аз мақомоти раҳбарии маҷмаа дархост кардаанд, ки алҳол нисфи қарзро пардохт намоянд, зеро ба пардохти пурраи он имкон надоранд, вале онҳо қабул надоштаанд.



Ёдрас мекунем, ки шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» шурӯъ аз 18-уми июни соли 2007 ба пахши барномаҳои худ шурӯъ карда буд. Мавҷҳои шабакаи телевизиони мустақил фарогири шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва қисман ноҳияҳои Ёвону Варзоб аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.