Душанбе. 16-уми март. Ои «Азия-Плюс» – Форуми 5 -уми умумиҷаҳонӣ оид ба об дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия ба кори худ шурӯъ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об иштирок ва суханронӣ мекунад.
Форум таҳти шиори «Муттаҳидшавӣ ба хотири об» аз 16-ум то 22-уми март ҷараён мегирад ва дар он мавзӯъи «гармшавии иқлими сайёра ва таъсири он ба захираҳои обии ҷаҳон» баррасӣ мегардад.
Масоили тақсимоти об ва дурнамои истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, ки барои Тоҷикистон низ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, дар маркази таваҷҷӯҳи иштирокдорони форум қарор мегирад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Соли 1994 дар Конгресси 7-уми умумиҷаҳонӣ оид ба об дар Қоҳира
тасмим гирифта шуд, ки ба сифати маркази стратегии муайянкунандаи сиёсат нисбат ба об Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба об даъват карда шавад, ки дар он коршиносони варзидаи давлатҳо дар ин бахш ширкат варзанд.
Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба об шурӯъ аз соли 1996 дар се сол як маротиба гузаронида мешаванд. Форумҳои гузашта дар Марокко, Ҳолланд, Ҷопон ва Мексика доир гашта буданд. Соли 1996 дар чунин форум 150 аъзо иштирок карда буд. Имрӯз Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба об аз 65 кишвари дунё 340 нафар аъзо дорад.
Дар сомонаи расмии созмондиҳандагони форум (
www.worldwaterforum5.or
) зикр мегардад, ки ҳамасола дар сайёра бар асари истеъмоли оби пастсифат 2 млн. нафар фавтида, 200 млн. нафар ба бемориҳо гирифтор мешаванд ва феълан дар ҷаҳон 2 млрд. нафар
аз камбуди об танқисӣ мекашанд.


