Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳияи дубораи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумат комилан анҷом ёфта, ахири ҳафтаи гузашта он маротибаи дуввум ҷиҳати баррасӣ ба нахуствазири кишвар Оқил Оқилов пешниҳод шуд.
Тавре ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Анвар Латифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пас аз маъқул шуморидани нақша аз ҷониби нахуствазир, он дар ҷаласаи васеи ҳукумат мавриди муҳокима қарор гирифта, барои имзо ба сарвари давлат пешниҳод мегардад.
А.Латифов мегӯяд, нақша аз панҷ қисмат – сиёсати буҷавӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисод аз ҷониби ҳукумат, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, таъмини амнияти ғизоӣ ва чорабиниҳои умумӣ оид ба иҷрои ислоҳот иборат аст.


