Вазорати рушди иқтисод: Татбиқи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ метавонад аллакай ахири моҳи март шурӯъ гардад

            Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳияи дубораи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумат комилан анҷом ёфта, ахири ҳафтаи гузашта он маротибаи дуввум ҷиҳати баррасӣ ба нахуствазири кишвар Оқил Оқилов пешниҳод шуд.             Тавре ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Анвар Латифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пас аз маъқул шуморидани нақша аз ҷониби нахуствазир, он […]



           

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳияи дубораи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумат комилан анҷом ёфта, ахири ҳафтаи гузашта он маротибаи дуввум ҷиҳати баррасӣ ба нахуствазири кишвар Оқил Оқилов пешниҳод шуд.





           

Тавре ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Анвар Латифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пас аз маъқул шуморидани нақша аз ҷониби нахуствазир, он дар ҷаласаи васеи ҳукумат мавриди муҳокима қарор гирифта, барои имзо ба сарвари давлат пешниҳод мегардад.




           

А.Латифов мегӯяд, нақша аз панҷ қисмат – сиёсати буҷавӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисод аз ҷониби ҳукумат, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, таъмини амнияти ғизоӣ ва чорабиниҳои умумӣ оид ба иҷрои ислоҳот иборат аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.