Душанбе. 18-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Раҳбарияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то ҳанӯз аз пардохт нагардидани қарзи ширкати «Барқи тоҷик» изҳори нигаронии шадид мекунад.
Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба сарчашма аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» иттилоъ медиҳад, ки ҳаҷми умумии қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳ ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ беш аз 41 млн. сомониро ташкил додааст. Намояндаи раёсати сохтмон таъкид сохтааст, ки ҷониби Тоҷикистон барои пардохти маблағи истифодаи барқ аз нерӯгоҳ масъул аст.
Намояндагони ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» изҳор доштаанд, ки ба дарозо кашидани мӯҳлати пардохти қарз аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ба пардохти саривақтии маоши сохтмончиёну коргарон ва мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруму охирини нерӯгоҳ таъсири манфӣ мерасонад.


