Занони Ваҳдату Кӯлоб тарзи дурусти хароҷоти маблағ дар оиларо меомӯзанд

Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳрҳои Ваҳдату Кӯлоб дар мавзӯи «Дастоварди молиявии ту» оид ба омӯзиши банақшагирии молиявӣ дар оила маҷмӯи семинарҳо баргузор гашт. Тавре ҳамоҳангсози Мактаби молия ва менеҷменти Франкфурт Олга Марианти ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, кормандони мактаб дар ҳамдастӣ бо шарикон аз созмони ғайриҳукуматии «Гендер ва Рушд» бо […]


Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳрҳои Ваҳдату Кӯлоб дар мавзӯи «Дастоварди молиявии ту» оид ба омӯзиши банақшагирии молиявӣ дар оила маҷмӯи семинарҳо баргузор гашт.




Тавре ҳамоҳангсози Мактаби молия ва менеҷменти Франкфурт Олга Марианти ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, кормандони мактаб дар ҳамдастӣ бо шарикон аз созмони ғайриҳукуматии «Гендер ва Рушд» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум барои аҳолии ноҳияҳои дурдасти ҶТ як қатор тренингҳои олмӯзишӣ доир намуданд.



Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии молиявии муассисаи молияи «


VP


Лизинг»-и Олмон бо занони шаҳрҳои Ваҳдат ва Кӯлоб дар ин мавзӯъ чаҳор семинар гузаронида шудааст. «Дар семинар занон бо тарзи идораи даромаду хароҷот дар оила, таҳияи буҷаи оилавӣ, пасандоз барои ҳолатҳои фавқулодда ва дигар масъалаҳои марбут ба хароҷоти маблағи оилавӣ шиносоии амиқ пайдо карданд», – афзуд О.Марианти.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.