Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз тайёраи саввуми иборат аз кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон ворид мегардад.
Чӣ тавре ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, кӯмаки башардӯстона аз захираҳои давлатии Русия ҷудо гардида, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дастгирии бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ пешбинӣ шудааст. «Кӯмак аз хаймаҳои истиқоматӣ, қанд, курпаҳои рӯйпӯш ва нерӯгоҳҳои сайёр иборат буда маблағи умумии он ба 12 млн. рубли русӣ баробар аст», – гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки 19-уми март ду тайёраи навъи ИЛ-76-и Русия бо кӯмаки башардӯстонаи Русия вориди Тоҷикистон шуда буданд.


