Дар ҷумҳурӣ кишти чигит оғоз ёфт

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон кишти чигит оғоз ёфт. Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, яке аз нахустинҳо шуда кишоварзони вилояти Хатлон дар арафаи Иди Наврӯз мавсими киштукори баҳориро шурӯъ карданд. Ба иттилои манбаъ, имсол дар кишвар кишти пунбадона дар майдони 200 ҳазору 700 […]

Мавҷуда Ҳасанова/Турко Дикаев


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон кишти чигит оғоз ёфт.




Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, яке аз нахустинҳо шуда кишоварзони вилояти Хатлон дар арафаи Иди Наврӯз мавсими киштукори баҳориро шурӯъ карданд.



Ба иттилои манбаъ, имсол дар кишвар кишти пунбадона дар майдони 200 ҳазору


700 гектар

гузаронида мешавад, ки 124 ҳазору 400 гектари он дар вилояти Хатлон мебошад ва дар ин вилоят аллакай дар масоҳати 6 ҳазору

219 гектар

чигит кишт карда шудааст.



Ба қавли мутахассиси раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Амрохон Ҳаитов, дар минтақа киштукор ҳанӯз 18-уми март аз хоҷагии деҳқонии «Сабз»-и ноҳияи Кӯлоб оғоз ёфта, сипас бо сабаби боришоти зиёд он то 24-уми март мавқуф гузошта шудааст.



А.Ҳаитов мегӯяд, то имрӯз аз майдони пешбинишудаи

33810 гектар

кишти пунбадона дар панҷ ноҳия 600 гектари нахустин кишт шудаанд. «Дар мавсими киштукори соли 2009 заминҳои кишти пахта ба миқдори

600 гектар

кам карда шуд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани киштукор техникаи кишоварзӣ омода аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...