Вазорати фарҳанг аз коргардон Б.Абдураззоқов дархост кардааст, ки баъзе лаҳзаҳои саҳнаи пйесаи «Ҷунун. Соли 93»-ро таҳрир намояд

            Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби вазорат намоиши песаи коргардон Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93» манъ карда нашудааст.             М.Достиев мегӯяд, намоиши пйеса муваққатан манъ карда шудааст, «то ки коргардон баъзе аз лаҳзаҳои намоишро таҳрир бисозад» ва […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби вазорат намоиши песаи коргардон Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93» манъ карда нашудааст.





           

М.Достиев мегӯяд, намоиши пйеса муваққатан манъ карда шудааст, «то ки коргардон баъзе аз лаҳзаҳои намоишро таҳрир бисозад» ва сипас намоиши он идома хоҳад ёфт.




           

Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта коргардон Б.Абдураззоқов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки бинобар «моҳияти инқилобӣ» доштани пйеса намоиши он манъ карда шудааст. Ёдовар мешавем, нахустнамоиши пйеса 17-уми март доир гардида, дар он намояндагони доираҳои фарҳангии кишвар, мақомоти раҳбарии Вазорати фарҳанг ва намояндагиҳои дипломатии як қатор давлатҳо дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.




           

Зимни шарҳи қазияи мазкур, профессор Иброҳим Усмонов, ки аъзои Шӯрои адабии Вазорати фарҳанг асту таҳти роҳбарии ӯ намоиши пйеса маъқул дониста шудааст, гуфт, «мавзӯи пйеса умумиинсонӣ аст ва ҷузъиёти онро метавон дар саросари дунё мушоҳида намуд». «Намоишномаи мазкур асари саҳнавӣ аст ва ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад», – гуфт И.Усмонов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...