Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон меравад

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 26-уми март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Муғулистон мешавад. Чӣ тавре ки роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзи 27-уми март нахуст мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр ва сипас гуфтушуниди […]

Виктория Наумова


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 26-уми март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Муғулистон мешавад.




Чӣ тавре ки роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзи 27-уми март нахуст мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо баргузор мешавад.



Ба гуфтаи Д.Назриев, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор асноди дуҷониба дар назар аст. «Ғайр аз ин, президенти Тоҷикистон бо муовини раиси парлумони Муғулистон ва муовини аввали нахуствазири Муғулистон низ дидору гуфтушунид хоҳад кард», – гуфт ӯ.



Зикр гардид, ки шоми рӯзи 27-уми март сарвари давлати Тоҷикистон ба ватан бармегардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...